TSK

TSK · Mark 15:14

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

ба онҳо гуфт: «Ба марги ин одами беайб ман гунаҳкор, чунки Ӯро ман таслим кардам». Лекин онҳо ҷавоб доданд: «Ин ба мо чӣ дахл дорад? Ин кори худат».

¶ Лекин Пилотус савол дода гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?» Мардум бошанд, бо буду шуди овозашон дод мезаданд: «Бигзор Ӯ ба салиб мехкӯб карда шавад!»

Luke 23:4 TSK

Пилотус ба сардорони рӯҳонӣ ва мардум гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айб наёфтам».

Вале онҳо дод мезаданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Мехкӯб кунед!»

Вале ҷазои мо аз рӯи адолат аст, зеро чиро сазовор шуда бошем, ҳамонро гирифтем. Вай бошад, ҳеҷ кори баде накардааст».

«Ростӣ чист?» — пурсид аз Ӯ Пилотус.

¶ Аз ин лаҳза Пилотус кӯшиш кард, ки Ӯро озод кунад, вале мардум фарёд мекарданд: «Агар Ӯро озод кунӣ, ту дӯсти император нестӣ! Касе, ки худро подшоҳ эълон мекунад, вай душмани император аст!»