¶ Вақте ки Исо аз он ҷо ба роҳ даромад, мардеро бо номи Матто дид, ки дар корхонаи андозҷамъкунӣ менишаст. Исо ба вай гуфт: «Биё, пайрави Ман шав». Матто бархесту аз паси Ӯ равона шуд.
TSK
TSK · Mark 3:18
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Ёқубу Юсуфу Шимъӯну Яҳудо ҳастанд?
Магар Ӯ ҳамон дуредгар нест, ки модараш Марям, бародаронаш Ёқуб, Юшо, Яҳудо ва Шимъӯн ҳастанд ва хоҳаронаш ҳам дар байни мо зиндагӣ мекунанд?» Пас Ӯро рад карданд.
Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус номид ва бародари Шимъӯн Андриёс, Ёқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо,
¶ Рӯзи дигар Исо қарор дод, ки ба Ҷалил биравад. Ӯ Филиппусро ёфта, гуфт, ки аз пасаш биёяд.
Он гоҳ Тумо, ки ӯро боз Дугоник меномиданд, ба шогирдони дигар гуфт: «Биёед, мо ҳам меравем, то ҳамроҳи Ӯ бимирем!»
¶ «Худовандо! — гуфт ба Ӯ Филиппус, — Падарро ба мо нишон деҳ ва ин бароямон кифоя аст».
¶ Тумо, яке аз он дувоздаҳ шогирди Исо, ки боз Дугоник номида мешуд, ҳангоми омадани Исо дар он ҷо ҳамроҳи онҳо набуд.
¶ Ман, Яҳудо, бандаи Исои Масеҳ ва бародари Яъқуб ҳастам. Ба даъватшудагон, ки дар Худо Падар муҳаббат пайдо намуда, дар паноҳи Исои Масеҳ мебошанд,