TSK

TSK · Mark 9:37

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, то тарзи фикррониатонро тағйир дода, монанди кӯдакон нашавед, ҳаргиз ба подшоҳии Худо дохил шуда наметавонед.

Шоҳ ҷавоб медиҳад: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман мекардед, шумо инро ба Ман мекардед!“

Ҳар кӣ шуморо, шогирдонам, гӯш кунад, Маро гӯш мекунад ва ҳар кӣ аз шумо рӯй гардонад, аз Ман рӯй мегардонад ва ҳар кӣ аз Ман рӯй гардонад, аз шахсе рӯй мегардонад, ки Маро фиристодааст».

Ману Падар як ҳастем».

¶ Ҳар кӣ бо фармонҳои Ман розӣ шаваду онҳоро иҷро кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, ӯро Падари Ман ҳам дӯст медорад. Ман низ ӯро дӯст медорам ва худро ба ӯ ошкор мекунам».