Лекин ҳаминро бидонед, ки дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Сур ва Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!
TSK
TSK · Matthew 11:21
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Исо аз он ҷо баромада, ба наздикиҳои шаҳрҳои Суру Сидун рафт.
¶ 13–14 «Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо дари подшоҳии Худоро ба рӯи одамон баста, на худатон аз он медароеду на ба дигарон, ки даромадан мехоҳанд, роҳ медиҳед.
аз шаҳри Ерусалим, инчунин аз сарзамини Адӯму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз паси Ӯ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исо шунида, ба гирди Ӯ ҷамъ меомаданд.
¶ Аз он ҷо Исо ба шаҳри Сур рафт. Ӯ ба хонае даромад ва нахост, ки касе омаданашро фаҳмад. Вале ин кор ба Ӯ муяссар нашуд.
¶ Вақте ки онҳо ба Байт-Сайдо расиданд, чанд нафаре марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад.
¶ Исо ва вакилонаш аз кӯҳ поён фаромада, дар ҳамворие ҷой гирифтанд. Шумораи зиёди пайравонаш ва мардуми бешуморе аз тамоми гирду атрофи сарзаминҳои Яҳудия, Ерусалим ва аз ноҳияҳои назди баҳрии Суру Сидун ҷамъ омаданд,
¶ Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида, мӯйканон нишаста нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд.
Филиппус ҳам монанди Андриёс ва Петрус яке аз сокинони Байт-Сайдо буд.
Онҳо ба назди Филиппус, ки аз аҳли Байт-Сайдои Ҷалил буд, омада гуфтанд: «Хоҷа, мо мехоҳем, ки Исоро бинем».