TSK

TSK · James 2:13

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Вале агар шумо дигаронро набахшед, Падари шумо ҳам корҳои нодурустатонро нахоҳад бахшид.

¶ Хизматгор бошад, берун баромада ҳамхизматашро дид. Ин ҳамхизматаш аз вай маблағи нисбатан камтаре қарздор буд. Вай аз гулӯи ҳамхизматаш дошта, ӯро буғӣ карда истода талаб кард, ки қарзашро гардонда диҳад.

Luke 6:37 TSK

¶ Ҳукм накунед ва ба ҳукм дучор намешавед. Касеро айбдор накунед ва шумо низ айбдор карда намешавед. Ҳамаро бубахшед ва шумо низ бахшида мешавед.

James 5:4 TSK

¶ Бинед, шумо ба мардикороне, ки ҳосили заминҳоятонро ҷамъ овардаанд, бояд музди меҳнаташонро медодед, вале ғоратгарона онро надодед. Ҳоло ҳамин музди меҳнати онҳо бар зидди шумо нолаю фарёд мекунад ва ин фарёди ҳосилҷамъкунандагон то ба гӯши Худои пурқудрат расидааст.

Дар муҳаббат тарс нест, баръакс муҳаббати пурра тарсро аз байн мебарад. Касе, ки тарс дорад, интизори ҷазо аст. Ӯ ҳанӯз ба ҳадди комили муҳаббат нарасидааст.