TSK

TSK · John 1:40-42

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

¶ Ҳангоме ки Исо дар соҳили кӯли Ҷалил роҳ мерафт, ба кӯл тӯр андохта истодани ду бародар: Шимъӯн, ки ӯро боз Петрус меномиданд ва бародараш Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд.

Mark 1:16 TSK

¶ Рӯзе Исо аз назди кӯли Ҷалил мегузашт, ки ба об тӯр андохта истодани Шимъӯн ва бародари ӯ Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд.

John 1:40 TSK

¶ Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз паси Исо равона шуд, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус буд.

Luke 2:38 TSK

Вай ҳам якбора пеш омаду Худоро шукргӯён ба ҳамаи онҳое, ки интизори озод шудани Ерусалим буданд, дар бораи он кӯдак нақлҳои зиёде кард.

John 1:36 TSK

ва Исои аз роҳ гузашта истодаро дида, гуфт: «Ана Ӯ Барраи Худо аст!»

John 4:25 TSK

¶ Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Таъиншудаи Худо бояд биёяд. Вақте ки Ӯ меояд, ҳама чизро ба мо баён мекунад».

Мо ба шумо дидаву шунидаамонро эълон мекунем, то шумо низ шарики муносибатҳои мо шавед, ки ин муносибат аслан бо Падари Осмонӣ ва Писари Ӯ, Исои Масеҳ аст.

Ана номҳои он дувоздаҳ вакилаш: аввалин Шимъӯн (ӯро боз Петрус меномиданд), бародари Шимъӯн Андриёс, баъд бародарон Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд,

Mark 3:16 TSK

¶ Он дувоздаҳ нафар инҳоянд: Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус меномид,

Luke 6:14 TSK

Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус номид ва бародари Шимъӯн Андриёс, Ёқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо,

John 2:24 TSK

Аммо худи Исо ба ҳеҷ кас дилашро накушод, чунки аз дили ҳамаи онҳо бохабар буд.

John 6:70 TSK

Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар Ман худам дувоздаҳ шогирдро интихоб накардаам? Вале як нафар аз байни шумо шайтон аст!»

John 21:2 TSK

Шимъӯни Петрус, Тумо, ки боз Дугоник номида мешуд, Натаноил, ки аз аҳли Қанои Ҷалил буд, ду писари Забдой ва ду шогирди дигари Ӯ — ҳама дар як ҷо ҷамъ омада буданд.