Ба ту рост мегӯям, Ман чизи медонистагиамро мегӯям ва дар бораи чизи дидагиам шоҳидӣ медиҳам, аммо шумо шаҳодати Маро қабул намекунед.
TSK
TSK · John 12:49
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Ман наметавонам ба ихтиёри худ кореро иҷро кунам: Ман он чӣ бишнавам, ҳамон тавр ҳукм мекунам ва ҳукми Ман одилона аст, зеро Ман на хости худамро, балки хости фиристандаамро иҷро кардан мехоҳам.
Ман барои айбдор кардани шумо чизҳои зиёде гуфта метавонам, вале касе, ки Маро фиристодааст, ҳақ аст ва Ман он чиро, ки аз Ӯ шунидам, ба ҷаҳон эълон мекунам».
Магар бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст? Суханонеро, ки Ман ба шумо мегӯям, аз худам намегӯям. Падарам, ки дар Ман аст, корҳои худро иҷро мекунад.
Ман дигар шуморо хизматгор наменомам, зеро хизматгор намедонад, ки хоҷаи ӯ ба чӣ кор машғул аст. Лекин Ман шуморо дӯстони худ мехонам, чунки ҳама чизи аз Падар шунидаамро ба шумо гуфтаам.