TSK

TSK · John 14:17

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Он гоҳ на ин ки шумо, балки Рӯҳи Падари осмониатон ба воситаи шумо сухан меронад.

Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя мекунад. Он гоҳ Падари Ман ҳам ӯро дӯст медорад. Мо пеши ӯ меоем ва дар наздаш ҷой мегирем.

Вақте ки Рӯҳи ростӣ меояд, Ӯ шуморо сӯи тамоми ростӣ роҳнамоӣ мекунад, зеро Ӯ аз худ чизе намегӯяд, балки он чиро, ки мешунавад, ба шумо мегӯяд. Ӯ ба шумо дар бораи ҳодисаҳои оянда хабар медиҳад.

Шумо бошед, Рӯҳеро доред, ки Ӯ ба шумо додааст ва ин Рӯҳ дар шумо сокин мебошад, бинобар ин эҳтиёҷ надоред, ки каси дигар шуморо ёд диҳад. Худи ҳамин Рӯҳ дар бораи ҳама чиз ёд медиҳад ва таълимоти Ӯ дурӯғ нест, балки рост аст. Пас, ҳамон тавре ки Ӯ шуморо таълим додааст бо Масеҳ монед.

Фарзандони азиз, шумо аз они Худо ҳастед, бинобар ин Касе, ки дар дохили шумо ҳаст, бузургтар аз онест, ки дар ҷаҳон мебошад. Пас шумо пайғамбарони бардурӯғро мағлуб сохтаед.

Худоро касе надидааст, вале агар мо якдигарро дӯст дорем, Худо дар дохили мо зиндагӣ мекунад ва муҳаббати Ӯ дар дохили мо ба ҳадди комил мерасад.