TSK

TSK · John 16:13

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча
John 3:32 TSK

Ӯ дар бораи он чӣ худ дидаасту шунидааст, шоҳидӣ медиҳад, аммо шоҳидии Ӯро ҳеҷ кас қабул намекунад.

John 8:38 TSK

Ман ба шумо чизҳоеро мегӯям, ки дар назди Падарам дидаам, шумо бошед, он кореро мекунед, ки аз падари худ шунидаед».

John 14:6 TSK

Исо ба ӯ гуфт: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман.

Вале Мададгор, Рӯҳи Муқаддас, ки Ӯро Падар аз номи Ман ба шумо мефиристад, ҳама чизро ба шумо ёд медиҳад ва ҳар сухани Маро ба хотири шумо меоварад.

Бар шумо бошад, Шахси муқаддаси Худо Рӯҳи худро рехтааст, бинобар ин ҳамаи шумо чӣ будани ростиро медонед.

Мо бошем, аз они Худо ҳастем ва ҳар касе, ки Худоро мешиносад, моро гӯш мекунад. Аммо онҳое, ки аз они Худо нестанд, моро гӯш намекунанд. Ана аз ҳамин мо рӯҳи ростиро аз рӯҳи фиреб фарқ мекунем.