¶ Талаб кунед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва пайдо мекунед, дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад.
TSK
TSK · John 16:23
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Шимъӯни Петрус аз Ӯ пурсид: «Худованд, Ту ба куҷо меравӣ?» «Ба ҷое, ки Ман меравам, ту ҳоло аз паси Ман омада наметавонӣ, — ҷавоб дод Исо, — аммо баъдтар хоҳӣ омад».
Инчунин ҳар чиро, ки аз номи Ман талаб кунед, Ман иҷро мекунам, то ки шӯҳрату ҷалоли Падар дар Писар намоён гардад.
Яҳудо (на Исқарют) гуфт: «Худовандо, ин чӣ тавр мешавад, ки Ту худро ба мо зоҳир мекунӣ, аммо на ба ҷаҳон?»
Ман дигар шуморо хизматгор наменомам, зеро хизматгор намедонад, ки хоҷаи ӯ ба чӣ кор машғул аст. Лекин Ман шуморо дӯстони худ мехонам, чунки ҳама чизи аз Падар шунидаамро ба шумо гуфтаам.
Дар он рӯз бо номи Ман аз Ӯ талаб мекунед. Ман намегӯям, ки барои шумо аз Падар талаб мекунам,
¶ Петрус ба ақиб нигоҳ карда, шогирдеро дид, ки Исо ӯро дӯст медошт. Ӯ аз паси онҳо меомад. Ин ҳамон шогирде буд, ки дар вақти шом хӯрдан ба Исо такя карда пурсида буд: «Эй Худованд, кӣ ба Ту хиёнат мекунад?»
Бинобар ин мо дар ҳузури Худо ин бовариро дорем, ки ҳар чӣ мувофиқи хости Ӯ хоҳиш кунем, Ӯ ба мо гӯш меандозад.