John 8:50
TSK
Ман дар ҷустуҷӯи шӯҳрати худ нестам, каси дигаре дар ҷустуҷӯи он аст ва Ӯ довар мешавад.
TSK
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Ман дар ҷустуҷӯи шӯҳрати худ нестам, каси дигаре дар ҷустуҷӯи он аст ва Ӯ довар мешавад.
Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя мекунад. Он гоҳ Падари Ман ҳам ӯро дӯст медорад. Мо пеши ӯ меоем ва дар наздаш ҷой мегирем.
¶ Чӣ тавре ки Падар Маро дӯст медорад, ҳамон тавр Ман ҳам шуморо дӯст медорам. Дар муҳаббати Ман бимонед!
¶ Ман номи Туро ба он касоне, ки Ту аз ҷаҳон гирифта, ба Ман бахшидаӣ, маълум кардам. Онҳо аз они Ту буданду Ту онҳоро ба Ман бахшидӣ ва онҳо каломи Туро риоя карданд.
Дар Худо сокин буданамон ва Худо дар мо сокин буданашро мо аз ин медонем, ки Ӯ Рӯҳи худро ба мо додааст.