¶ Ҳангоме ки шогирдон дар Ҷалил ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо гуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад
TSK
TSK · John 18:4
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
«Чунон ки медонед, баъд аз ду рӯз ҷашнгирии рӯзи Балогардон сар мешавад. Он вақт Фарзанди Инсон ба дасти душманонаш таслим карда мешаваду Ӯро ба салиб мехкӯб мекунанд».
¶ Баъд Исо ба шогирдон гуфт: «Имшаб аз барои ҳодисае, ки бо Ман рӯй медиҳад, ҳамаи шумо пайравӣ кардани Маро бас мекунед, чунки дар навиштаҷот пешгӯйии Худо омадааст: „Чӯпонро мекушам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд“.
¶ Исо он дувоздаҳ нафарро як сӯ бурда, ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Фарзанди Инсон навиштаанд, ба амал хоҳад омад.
Баъд ба онҳо гуфт: «Суханҳоеро, ки ҳанӯз дар вақти бо шумо буданам ба шумо мегуфтам, чунин маъно доранд: ҳамаи он чизе, ки нисбати Ман дар шариати Мӯсо, гуфтаҳои пайғамбарон ва дар Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад».
¶ Падар барои он Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони худро фидо мекунам, то боз онро ба даст оварам.
Зеро Ӯ медонист, ки дар ҳаққаш кӣ хиёнат мекунад ва барои ҳамин гуфт, ки на ҳама пок ҳастанд.
¶ Исо донист, ки ҳама чиз иҷро шуд ва барои ба амал омадани пешгӯйии навиштаҷот гуфт: «Ташна мондам!»