TSK

TSK · John 19:35

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

вале Ман ба хотири шумо хурсандам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред. Ҳоло бошад, биёед, назди ӯ меравем».

Ана Ман инро пеш аз ба амал омаданаш ба шумо гуфтам, то вақте ки ин ҳодиса ба амал меояд, имон оваред!

¶ Ман на фақат барои онҳо дуо мекунам, балки барои касоне ҳам, ки ба воситаи суханони онҳо ба Ман имон меоваранд.

Вале ҳамаи ин барои он навишта шудааст, ки шумо ба Таъиншуда ва Писари Худо будани Исо имон овареду ба воситаи имон ба Ӯ ҳаёти абадӣ ёбед.

¶ Мо ба шумо дар бораи Каломи ҳаёт эълон мекунем, ки Ӯ аз ибтидо буд. Мо Ӯро шунидему бо чашмони худ дидем, инчунин ба Ӯ нигоҳ кардему ба Ӯ даст расондем.