¶ 10–11 Ӯ суханашро давом дода гуфт: «Эҳтиёт бошед, ки ҳатто бо яке аз пайравони хурдтаринам хунукназарона рафтор накунед, зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои нигаҳбони онҳо ҳамеша дар назди Падари осмониам ҳузур дошта метавонанд.
TSK
TSK · John 3:17
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Аммо фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед, ман ба шумо хушхабареро овардаам, ки аз шунидани он тамоми мардум беҳад шод мегарданд.
Зеро Фарзанди Инсон барои он омадааст, ки гумроҳшударо кофта ёбаду наҷот диҳад».
¶ Вале Ман шаҳодати бузургтар аз он, ки Яҳё дода буд, дорам. Он корҳое, ки барои иҷро кардан Падар ба Ман супоридааст ва худи он корҳое, ки Ман ба ҷо меоварам, шоҳиди онанд, ки Маро Падар фиристодааст!
¶ Гумон накунед, ки Ман шуморо дар пеши Падар айбдор мекунам, айбдоркунандаи шумо Мӯсо аст, ки ба ӯ умед мебандед!
Зеро иродаи Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам».
Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман аз пеши Ӯ омадаам ва Ӯ Маро фиристодааст».
¶ Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Агар Худо падари шумо мебуд, шумо Маро дӯст медоштед, зеро Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман худсарона наомадаам, балки Ӯ Маро фиристодааст.
Ман медонистам, ки Ту ҳамеша дуои Маро мешунавӣ, вале инро ба хотири мардуме, ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то онҳо имон оваранд, ки Маро Ту фиристодаӣ!»
Ва ҳаёти абадӣ ин аст, ки Туро, Худои ягонаи ҳақиқӣ ва Исои Масеҳро, ки Ту фиристодаӣ, шиносанд.
Бигзор ҳамаи онҳо як шаванд. Бигзор, чӣ тавре ки ту, Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту ҳастам, онҳо низ дар мо бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Маро Ту фиристодаӣ.
Инчунин мо бо чашми худ дидем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писари худро ҳамчун Наҷотдиҳандаи ҷаҳон фиристодааст.