TSK

TSK · John 8:19

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

¶ Худи ҳамон лаҳза Исо аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда, бо хушҳолӣ гуфт: «Шукри Туро мекунам, эй Падарҷон, ҳокими замину осмон, ки ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пӯшида мондиву ба одамони оддӣ ошкор сохтӣ. Бале, Падар, хоҳиши неки Ту чунин буд.

John 1:18 TSK

Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.

John 8:54 TSK

Исо ҷавоб дод: «Агар Ман худро шӯҳрат медодам, шӯҳрати Ман арзише намедошт. Аммо Маро Падарам шӯҳрат медиҳад, ки шумо Ӯро Худои худ мехонед!

John 14:6 TSK

Исо ба ӯ гуфт: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман.

John 16:3 TSK

Онҳо аз сабаби он чунин рафтор мекунанд, ки на Падар ва на Маро мешиносанд.

Эй Падари одил, ҷаҳон Туро нашинохт, вале Ман Туро мешиносам ва онҳо медонанд, ки Ту Маро фиристодаӣ.

Мо боз медонем, ки Писари Худо омад ва ба мо қобилияти фаҳмиданро додааст, то мо ҳамонеро, ки ростӣ аст, шиносем. Мо бошем, дар ҳамоне, ки ростист ва дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти абадӣ аст.