TSK

TSK · John 8:38

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

¶ Инчунин бисёр одамони гурӯҳҳои динии фарисиёну саддуқиён барои таъмид ёфтан назди Яҳё омаданд. Яҳё омада истодани онҳоро дида, ба онҳо гуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед?

John 5:19 TSK

¶ Аммо Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, Писар бо ихтиёри худ ҳеҷ кореро карда наметавонад, фақат он чӣ мебинад, ки Падар мекунад, Писар низ мекунад. Ҳар чӣ Падар мекунад, ҳамонро Писар ҳам мекунад.

John 8:26 TSK

Ман барои айбдор кардани шумо чизҳои зиёде гуфта метавонам, вале касе, ки Маро фиристодааст, ҳақ аст ва Ман он чиро, ки аз Ӯ шунидам, ба ҷаҳон эълон мекунам».

John 8:44 TSK

Падари шумо иблис аст ва шумо орзуву ҳаваси падари худро иҷро кардан мехоҳед. Ӯ аз азал одамкуш буд ва ҳеҷ гоҳ рост нагуфтааст, чун дар ӯ ростӣ нест. Дурӯғ гуфтан ба ӯ хос аст, ӯ дурӯғ мегӯяд, чунки ӯ дурӯғгӯй ва падари ҳамаи дурӯғҳост.

Магар бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст? Суханонеро, ки Ман ба шумо мегӯям, аз худам намегӯям. Падарам, ки дар Ман аст, корҳои худро иҷро мекунад.

John 17:8 TSK

Зеро он каломеро, ки Ту ба Ман додӣ, Ман ба онҳо расондам ва онҳо қабул карда, дар ҳақиқат фаҳмиданд, ки Ман аз назди Ту омадаам ва боварӣ доранд, ки Ту Маро фиристодаӣ.