TSK

TSK · John 9:35

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Шимъӯни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худои зинда ҳастӣ».

John 1:18 TSK

Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.

John 1:49 TSK

«Устод, Ту Писари Худо ва Подшоҳи Исроил ҳастӣ!» — гуфт Натаноил.

John 3:36 TSK

Ҳар кӣ ба Писар имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёт нахоҳад дид ва гирифтори ғазаби Худо мегардад».

John 6:69 TSK

Мо имон овардем ва фаҳмидем, ки Ту Шахси Муқаддаси Худо ҳастӣ».

«Бале, Худованд, — ҷавоб дод Марто, — ман бовар мекунам, ки Ту Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».

Вале ҳамаи ин барои он навишта шудааст, ки шумо ба Таъиншуда ва Писари Худо будани Исо имон овареду ба воситаи имон ба Ӯ ҳаёти абадӣ ёбед.

Пас кӣ бар ҷаҳон ғолиб мебарояд? Фақат он касе, ки ба Писари Худо будани Исо бовар мекунад.

¶ Ман ин суханонро ба шумое, ки ба Писари Худо бовар мекунед, менависам, то донед, ки соҳиби ҳаёти абадӣ ҳастед.