TSK

TSK · John 9:4

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: „Чунки ҳеҷ кас моро киро накард“. „Хайр, набошад, ба токзори ман рафта кор кунед“, — таклиф кард соҳиби токзор.

Исо ба онҳо гуфт: «Рафта, ба он рӯбоҳ бигӯед, ки Ман имрӯзу пагоҳ девҳоро берун карда, мардумро шифо медиҳам ва рӯзи сеюм корамро тамом мекунам.

John 5:19 TSK

¶ Аммо Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, Писар бо ихтиёри худ ҳеҷ кореро карда наметавонад, фақат он чӣ мебинад, ки Падар мекунад, Писар низ мекунад. Ҳар чӣ Падар мекунад, ҳамонро Писар ҳам мекунад.

Исо ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо аз ҷониби Падар бисёр корҳои нек нишон додаам, пас, барои кадоме аз онҳо шумо Маро сангсор кардан мехоҳед?»

John 11:9 TSK

Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар як рӯз аз дувоздаҳ соат иборат нест? Касоне, ки рӯзона роҳ мераванд, пешпо намехӯранд, чунки рӯшноии ин ҷаҳонро мебинанд.

John 17:4 TSK

Ман бо анҷом додани он коре, ки Ту ба Ман супорида будӣ, бароят дар рӯи замин шӯҳрат додам.