TSK

TSK · Luke 13:3

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Теша аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки меваи хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад.

¶ Шоҳ ба қаҳру ғазаб омада, сарбозонашро назди он одамкушон мефиристад, ки онҳоро нобуд карда шаҳрашонро сӯзонанд.

Зеро азобу даҳшати он айём ба дараҷае мерасад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод.

«Оҳ, кошки ақаллан ҳамин рӯз роҳеро, ки туро ба осоиштагӣ мебарад, медидӣ! Вале ҳоло он роҳ аз чашмони ту ниҳон аст.

¶ Исо ба онҳо рӯ оварда гуфт: «Эй занҳои Ерусалим, ба ҳоли Ман гиря накунед! Ба ҳоли худ ва фарзандонатон гиря кунед.