TSK

TSK · Mark 14:49

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

¶ Исо ба Хонаи Худо баргашта, машғули таълимдиҳӣ шуд, ки сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ба наздаш омада пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Кӣ ба Ту ин ҳаққу ҳуқуқро додааст?»

Вале ҳамаи ин ҳодисаҳо барои он рӯй доданд, ки пешгӯиҳои пайғамбарон, ки дар навиштаҷот омадаанд, иҷро шаванд». Он вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо монда гурехтанд.

¶ Онҳо боз ба Ерусалим омаданд. Вақте ки Исо дар саҳни Хонаи Худо рафтуо мекард, сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм назди Ӯ омада

¶ Ӯ ҳар рӯз дар ҳавлии Хонаи Худо мардумро таълим медод. Сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва раисони халқи Исроил бошанд, дар фикри куштани Ӯ буданд.

¶ Ба шумо мегӯям, дар навиштаҷот гуфта шудааст: „Ӯро ба қатори ҷинояткорон дароварданд“. Ин гуфтаҳо дар Ман бояд иҷро шаванд ва дар ҳақиқат ҳамаи он чизе, ки дар ҳаққи Ман навишта шудааст, иҷро шуда истодааст».

Баъд ба онҳо гуфт: «Суханҳоеро, ки ҳанӯз дар вақти бо шумо буданам ба шумо мегуфтам, чунин маъно доранд: ҳамаи он чизе, ки нисбати Ман дар шариати Мӯсо, гуфтаҳои пайғамбарон ва дар Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад».

John 7:37 TSK

¶ Дар рӯзи охирин ва муҳимтарини ид Исо аз ҷояш бархеста, бо овози баланд эълон кард: «Касоне ки ташнаанд, назди Ман оянд ва бинӯшанд!

John 8:12 TSK

¶ Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам. Касе, ки аз паси Ман меравад, дар торикӣ намегардад, балки нури ҳаёт бо ӯст».

Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман дар пеши ҳама ошкоро сухан гуфтаам. Ман доимо дар ибодатхонаҳо ва дар Хонаи Худо, ки ҳамаи мардум ҷамъ мешаванд, таълим медодам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам.