TSK

TSK · Mark 8:34

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

¶ Аз дарвозаи танг гузаред, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва бисёр касон аз он мегузаранд.

¶ Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳар каси шумо, ки пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад ва он гоҳ Маро пайравӣ кунад.

Mark 7:14 TSK

¶ Исо мардумро боз наздаш даъват намуда гуфт: «Ҳамаатон Маро гӯш карда, бифаҳмед.

¶ Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар чӣ, ки дорӣ, бифурӯш ва пулашро ба бечорагон тақсим бикун, он гоҳ соҳиби ганҷинаи осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».

«Саъю кӯшиш кунед, то аз дари танг дароед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисёр касон кӯшиш хоҳанд кард, ки аз он дар дароянд, вале ин ба онҳо муяссар нахоҳад шуд.

Айнан ҳамин тавр ҳеҷ яке аз шумо то аз тамоми чизу чораи худ даст накашед, наметавонед шогирди Ман бошед.

¶ Ҳангоме ки тамоми мардум ба суханони Вай гӯш мекарданд, Исо ба шогирдони худ гуфт:

¶ Шимъӯни Петрус аз Ӯ пурсид: «Худованд, Ту ба куҷо меравӣ?» «Ба ҷое, ки Ман меравам, ту ҳоло аз паси Ман омада наметавонӣ, — ҷавоб дод Исо, — аммо баъдтар хоҳӣ омад».

¶ Бо ин суханон Исо ба Петрус фаҳмонд, ки бо кадом роҳ марги Петрус Худоро шӯҳрату ҷалол хоҳад дод. Баъд ба Петрус гуфт: «Аз паси Ман биё».

Чӣ будани муҳаббатро мо дар Исои Масеҳ мебинем, ки Ӯ ҷони худро барои мо фидо кард. Мо низ бояд худро барои бародарони худ фидо кунем.