8–9 Ҳатто фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон, ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед.
TSK
TSK · Matthew 13:23
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Худатон мулоҳиза кунед, дарахти солим меваи нағз медиҳад, дарахти касал бошад, меваи бад медиҳад. Пас, чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад.
Вале донаҳое, ки ба замини ҳосилхез меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду қабул мекунанд ва сӣ, шаст ва сад баробар бештар ҳосил медиҳанд».
¶ Ҳаргиз дарахти хуб меваи бад ва ё дарахти бад меваи хуб ба бор намеоварад,
Агар соли оянда мева диҳад, хуб мешавад ва агар надиҳад, баъд бибуред“».
Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад. Шумо барои он гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед».
¶ Исо суханашро давом дода гуфт: «Ман токи ҳақиқӣ ҳастам ва Падари Ман токпарвар аст.
Акнун онҳо медонанд, ки ҳама чизи ба Ман додаат, аз они туст.
¶ Инак, бародарон, бо номи Худованд Исо хоҳиш ва илтиҷо мекунем, чи тавре ки мо таълим додем, зиндагиро давом диҳед, то ки ба Худо писанд оед. Шумо аллакай ҳамин тарз рафтор мекунед, вале кӯшиш намоед, ки аз ин ҳам беҳтар зиндагӣ кунед.