TSK

TSK · Matthew 13:38

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Ба пайраҳа афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро дар бораи подшоҳии Худо мешунаванду онро намефаҳманд. Шахси Бад омада каломи ба дили онҳо кошташударо кашида мегирад.

Исо ба шогирдонаш наздик шуда гуфт: «Тамоми ҳукму қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст.

Ба номи Ӯ аз Ерусалим сар карда ба ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо эълон карда мешавад

John 8:44 TSK

Падари шумо иблис аст ва шумо орзуву ҳаваси падари худро иҷро кардан мехоҳед. Ӯ аз азал одамкуш буд ва ҳеҷ гоҳ рост нагуфтааст, чун дар ӯ ростӣ нест. Дурӯғ гуфтан ба ӯ хос аст, ӯ дурӯғ мегӯяд, чунки ӯ дурӯғгӯй ва падари ҳамаи дурӯғҳост.

Ӯ аз рӯйи хости худ ба воситаи каломи ростӣ ба мо ҳаёти навро бахшидааст, то ки мо дар байни ҳамаи офаридаҳои Ӯ ҳамчун ҳосили аввал бошем.

Аммо ҳамоне, ки гуноҳ карданро давом медиҳад, аз иблис аст, зеро иблис аз ибтидо гуноҳ карда меояд. Сабаби зоҳир шудани Писари Худо низ дар ҳамин буд, ки корҳои иблисро нобуд созад.