Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, вақте ки давраи нав сар мешаваду Фарзанди Инсон бар тахти пуршукӯҳи худ менишинад, дувоздаҳ нафари шумо низ, ки Маро пайравӣ кардаед, бар тахтҳо нишаста ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ хоҳед кард.
TSK
TSK · Matthew 20:21
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Вақте ки духтари Ҳиродия ба базм омада рақсид, ӯ Ҳиродус ва меҳмононашро мафтун кард. Аз ин рӯ, Ҳиродус ба вай гуфт: «Ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам».
Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Нобино гуфт: «Устод, мехоҳам бино шавам».
¶ Фарисиён аз Исо пурсиданд, ки кай подшоҳии Худо фаро мерасад? Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Аз рӯи нишонаҳои намоён омадани подшоҳии Худоро муайян кардан имконнопазир аст.
¶ Азбаски Исо аллакай дар наздикии Ерусалим буду шунавандагони Ӯ гумон доштанд, ки подшоҳии Худо ба зудӣ фаро мерасад, Вай масал гуфтанро давом дод:
Агар шумо дар Ман бимонед ва суханони Ман дар шумо бимонанд, ҳар чизеро, ки талаб кунед, бароятон иҷро мешавад!