Лекин фарисиён инро шунида чунин мегуфтанд: «Ӯ бо қудрати Баал-Забул, сардори девҳо девҳоро берун мекунад».
TSK
TSK · Matthew 3:7
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Он гоҳ шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда гуфтанд: «Медонед, фарисиён аз суханони Шумо ранҷиданд».
Чӣ тавр шумо намефаҳмед, ки Ман нонро дар назар надорам? Балки гуфтанӣ ҳастам, ки худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед!»
¶ Худи ҳамон рӯз баъзе аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба назди Исо омада, ба Вай чунин савол доданд:
¶ 13–14 «Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо дари подшоҳии Худоро ба рӯи одамон баста, на худатон аз он медароеду на ба дигарон, ки даромадан мехоҳанд, роҳ медиҳед.
¶ Ҳол он ки яҳудиён, махсусан фирқаи фарисиён, то даме ки дастҳояшонро мувофиқи урфу одатҳои аҷдодон нашӯянд, ҳаргиз хӯрок намехӯрданд.
¶ Дертар чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиён ба назди Исо фиристода шуданд, то ки Ӯро бо сухан ба дом афтонанд.
¶ Мардуми зиёде назди Яҳё меомаданд, то аз дасти ӯ таъмид бигиранд ва ӯ ба онҳо мегуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед?
Вале Худованд ба он фарисӣ гуфт: «Ҳамин шумо, фарисиён, беруни косаву табақи худро мешӯед, аммо дарунатон пур аз хасисию бадӣ аст.
Фарисӣ рост истода, дар дилаш чунин дуо мегуфт: „Худоё! Туро шукр мегӯям, ки мисли одамони дигар қаллобу золим нестам, алоқаи беникоҳ намекунам ва ҳам монанди ин андозгир нестам.
¶ Вақте ки посбонон ба назди сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён баргаштанд, аз посбонон пурсиданд: «Чаро Ӯро наовардед?»
¶ Баъзе фарисиёне, ки назди Ӯ истода буданд, ин суханонро шунида ба Ӯ гуфтанд: «Шумо моро-ку кӯр намешуморед?»