TSK

TSK · John 13:3

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع

Исо ба шогирдонаш наздик шуда гуфт: «Тамоми ҳукму қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст.

John 1:18 TSK

Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.

John 3:35 TSK

Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст.

John 7:29 TSK

Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман аз пеши Ӯ омадаам ва Ӯ Маро фиристодааст».

John 8:42 TSK

¶ Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Агар Худо падари шумо мебуд, шумо Маро дӯст медоштед, зеро Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман худсарона наомадаам, балки Ӯ Маро фиристодааст.

зеро худи Падар шуморо дӯст медорад, аз сабаби он ки шумо Маро дӯст доштед ва имон овардед, ки Ман аз ҷониби Ӯ омадаам.

John 17:5 TSK

Акнун, эй Падар, он шӯҳрату ҷалолеро, ки пеш аз пайдоиши олам дар назди Ту доштам, ба Ман бидеҳ.