TSK

TSK · John 15:10

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع
John 4:34 TSK

Исо ба онҳо гуфт: «Хӯроки Ман иҷро кардани хости Фиристандаам ва ба анҷом расондани корҳои ӯст.

чунки Ман аз худ сухан нагуфтаам, балки Падаре, ки Маро фиристодааст, чӣ гуфтану чӣ нақл карданамро фармон додааст.

¶ Ҳар кӣ бо фармонҳои Ман розӣ шаваду онҳоро иҷро кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, ӯро Падари Ман ҳам дӯст медорад. Ман низ ӯро дӯст медорам ва худро ба ӯ ошкор мекунам».

John 17:4 TSK

Ман бо анҷом додани он коре, ки Ту ба Ман супорида будӣ, бароят дар рӯи замин шӯҳрат додам.

¶ Инак, бародарон, бо номи Худованд Исо хоҳиш ва илтиҷо мекунем, чи тавре ки мо таълим додем, зиндагиро давом диҳед, то ки ба Худо писанд оед. Шумо аллакай ҳамин тарз рафтор мекунед, вале кӯшиш намоед, ки аз ин ҳам беҳтар зиндагӣ кунед.

¶ 1–2 Эй фарзандони азизам, ин суханонро ман барои он ба шумо менависам, то ки гуноҳ содир накунед. Вале вақте касе гуноҳ кунад, мо Исои Масеҳи беайбро дорем, ки ҳоло дар пеши Падари Осмонӣ моро тарафдорӣ мекунад. Ӯ барои ором кардани ғазаби Худо ва бахшида шудани гуноҳҳои мо ва нафақат барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон ҷони худро фидо кардааст.

¶ Дӯстони азиз, агар виҷдонамон моро азоб надиҳад, пас дар пеши Худо сарамонро бардошта меистем ва