¶ Хушбахтед шумо, вақте ки мардум аз барои Ман шуморо дашном ва азоб медиҳанд ва дар ҳаққатон бо тӯҳмат ҳар гуна сухани бад мегӯянд.
TSK
TSK · John 15:18
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
¶ Баъд шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ҳатто ба дасти марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳамаи халқҳо ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд.
¶ Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Фарзанди Инсон аз шумо нафрат мекунанд, шуморо аз байнашон меронанд, дашном медиҳанд ва номатонро ба бадӣ бароварда аз шумо рӯй мегардонанд.
Ҷаҳон наметавонад аз шумо нафрат дошта бошад, вале Маро бад мебинад, чунки Ман бад будани корҳои онро шаҳодат медиҳам.
¶ Бинед, ки Падар чӣ қадар моро дӯст доштааст, ки мо фарзандони Ӯ номида мешавем ва ҳам фарзандони Ӯ ҳастем. Сабабе, ки ҷаҳон моро намешиносад дар он аст, ки он Худоро нашинохт.
Бинобар ин, эй бародаронам, агар одамони ҷаҳон аз шумо нафрат кунанд, ҳайрон нашавед.