Matthew 14:28
TSK
¶ Он гоҳ Петрус овоз бароварда гуфт: «Хоҷа, агар дар ҳақиқат ин Ту бошӣ, ба ман амр намо, ки рӯ-рӯи об назди Ту биёям».
TSK
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
¶ Он гоҳ Петрус овоз бароварда гуфт: «Хоҷа, агар дар ҳақиқат ин Ту бошӣ, ба ман амр намо, ки рӯ-рӯи об назди Ту биёям».
Зеро имрӯз барои шумо дар шаҳри шоҳ Довуд Наҷотдиҳандае ба дунё омад, ки Ӯ Таъиншудаи Худо ва Худованд аст.
Яке аз шогирдон, ки Исо ӯро дӯст медошт, дар паҳлӯи Ӯ такя карда нишаста буд.
Ӯ давида назди Шимъӯни Петрус ва шогирди дигар, ки Исо ӯро дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Онҳо Худованди моро аз қабр бурдаанд ва мо намедонем, ки Ӯро ба куҷо гузоштаанд».
Тумо ба Вай ҷавоб дод: «Эй Худованди ман, Худои ман!»
Ин ҳамон шогирдест, ки ҳамаи инро навиштааст ва дар бораи ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва мо медонем, ки шаҳодати ӯ рост аст.