TSK

TSK · John 3:11

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع

¶ Исо суханонашро давом дода гуфт: «Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ!

John 1:11 TSK

Вай ба назди қавмаш омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд.

John 3:3 TSK

Исо дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ба ту рост мегӯям, то касе аз нав таваллуд наёбад, ҳаргиз подшоҳии Худоро дида наметавонад».

John 3:13 TSK

Ғайр аз Фарзанди Инсон, ки аз осмон фаромадааст, ҳеҷ каси дигар ба осмон набаромадааст.

John 5:31 TSK

¶ Агар Ман дар бораи худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман эътибор надорад.

John 7:16 TSK

Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълимоти Ман аз худам нест, балки аз касест, ки Маро фиристодааст.

John 8:28 TSK

Инак, Исо давом дода гуфт: «Вақте ки Фарзанди Инсонро дар салиб боло мебардоред, мефаҳмед, ки Ман ҳамонам ва аз худ ҳеҷ коре намекунам, фақат он чизҳоеро мегӯям, ки Падар ба Ман таълим додааст.

¶ Бо вуҷуди он ки Исо дар ҳузури онҳо мӯъҷизоти бисёр нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд.

Касе ки Маро дӯст намедорад, суханони Маро иҷро намекунад. Он сухане, ки шумо мешунавед, аз Ман нест, балки сухани Падар аст, ки Маро фиристодааст.

¶ Мо ба шумо дар бораи Каломи ҳаёт эълон мекунем, ки Ӯ аз ибтидо буд. Мо Ӯро шунидему бо чашмони худ дидем, инчунин ба Ӯ нигоҳ кардему ба Ӯ даст расондем.