Сипас аз осмон нидое омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам».
TSK
TSK · John 3:35
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
¶ Ҳанӯз вай суханашро тамом накарда, абри тобоне пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва аз даруни он овозе шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хушнудам. Ӯро гӯш кунед».
¶ Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ҳеҷ кас ғайр аз Падар намедонад, ки Писар кист. Инчунин ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то Падарро барояшон зоҳир кунад, ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист».
Зеро Падар ҳеҷ касро ҳукм намекунад, балки ҳукм карданро пурра ба Писар супоридааст,
¶ Чӣ тавре ки Падар Маро дӯст медорад, ҳамон тавр Ман ҳам шуморо дӯст медорам. Дар муҳаббати Ман бимонед!
Ман дар онҳо ҳастам ва Ту дар Ман ҳастӣ, то онҳо дар ягонагии комил бошанду ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодаӣ ва онҳоро ҳамон тарз дӯст медорӣ, ки Маро дӯст медорӣ.