TSK

TSK · Mark 1:24

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع

Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд.

Mark 5:7 TSK

7–8 Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо тамоми овозаш фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!»

Luke 4:34 TSK

«Моро ба ҳоламон гузор! Ту ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!»

Luke 8:37 TSK

Баъд аз ин тамоми мардуми сарзамини Ҷадариён аз Исо хоҳиш карданд, ки аз пеши онҳо биравад, зеро онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифта буд ва Ӯ барои баргаштан боз ба қаиқ савор шуд.

John 6:69 TSK

Мо имон овардем ва фаҳмидем, ки Ту Шахси Муқаддаси Худо ҳастӣ».