TSK

TSK · Mark 10:47

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع

Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд.

Тамоми мардум аз ин ҳодиса ба ҳайрат афтода мегуфтанд: «Шояд Ӯ ҳамон Насли Довуд бошад, ки мо интизораш ҳастем?»

Воқеан ду нобиное дар канори роҳ менишастанд. Онҳо гузашта истодани Исоро шунида, зуд фарёд заданд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!»

Мардуме, ки аз пайи Исо меомаданд, ҷавоб медоданд, ки ин Исо пайғамбар аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил аст.

Сипас вай аз он ҷо назди дарвозаи ҳавлӣ равона шуд. Хизматгорзани дигаре низ ӯро дида ба одамони дар он ҷо истода гуфт: «Вай ҳамроҳи Исои Носирӣ буд».

Luke 4:16 TSK

¶ Ҳамин тавр Ӯ ба шаҳри Носира омад, ки дар он ҷо ба воя расида буд. Вай дар рӯзи истироҳат аз рӯи одат ба ибодатхона даромада, барои бо овози баланд хондани навиштаҷот аз ҷояш бархест.

John 1:46 TSK

«Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?» — гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ».

John 7:52 TSK

Онҳо ҷавоб доданд: «Ту худат-ку аз Ҷалил нестӣ? Навиштаҷотро биомӯз ва мебинӣ, ки аз Ҷалил пайғамбар баромада наметавонад». [