Matthew 10:1
TSK
¶ Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро берун кунанд ва ҳар дарду касалии одамонро шифо диҳанд.
TSK
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
¶ Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро берун кунанд ва ҳар дарду касалии одамонро шифо диҳанд.
¶ Сипас Исо ба баландие баромада, онҳоеро ки мехост, ба наздаш даъват кард ва онҳо омаданд.
Вақте ки субҳ дамид, шогирдонашро ба наздаш ҷеғ зада, аз миёнашон дувоздаҳ нафарро интихоб кард ва онҳоро вакил номид, ки инҳоянд:
¶ Баъд аз ин Худованд боз ҳафтод нафари дигарро интихоб намуда, онҳоро ҷуфт-ҷуфт пешопеши худ ба ҳар шаҳру деҳоте, ки рафтанӣ буд, фиристод.
¶ Ҳафтод нафар шогирдон бо хушҳолӣ баргашта, ба Исо гуфтанд: «Худовандо! Бо номи Ту ҳатто девҳо ба мо итоат мекунанд».