TSK

TSK · Mark 8:38

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع

¶ Пас, ҳар кӣ дар пеши мардум мегӯяд, ки пайрави Ман аст, Ман низ дар назди Падари осмониам пайрави Ман буданашро тасдиқ мекунам.

Яъне Фарзанди Инсон фариштаҳои худро мефиристад, то ки ҳамаи бадкорон ва ҳамаи васвасакоронро аз дохили подшоҳии Вай ҷудо карда гирифта

Фарзанди Инсон бо шӯҳрату ҷалоле, ки Падараш ба Ӯ медиҳад, ҳамроҳи фариштаҳои худ меояд ва ба ҳама он чиро, ки мувофиқи амалашон сазовор мешаванд, медиҳад.

¶ Вақте ки Фарзанди Инсон ҳамчун Шоҳ ҳамроҳи ҳамаи фариштаҳо меояд, Ӯ бар тахти шоҳонаи худ мешинад

¶ Исо гуфт: «Ҳастам ва рӯзе Фарзанди Инсонро мебинед, ки аз тарафи рости Худои Пурқудрат нишаста дар рӯи абрҳои осмон меояд».

Luke 12:8 TSK

¶ Ба шумо мегӯям: ҳар кӣ дар пеши мардум гӯяд, ки пайрави Ман аст, Фарзанди Инсон низ дар назди фариштагони Худо пайрави Ман будани ӯро тасдиқ мекунад.

John 1:14 TSK

¶ Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд.

John 5:27 TSK

Инчунин Ӯ ба Писар қудрати ҳукм карданро додааст, зеро Писар Фарзанди Инсон аст.

James 4:4 TSK

¶ Эй мардуми бевафо, магар намедонед, ки дӯстӣ кардан бо ин ҷаҳон бо Худо душманӣ карданро мефаҳмонад? Ҳар кӣ бо ин ҷаҳон дӯст шудан хоҳад, душмани Худо мешавад.

Jude 1:14 TSK

Ҳамчунин, Ҳанӯҳ, ки насли ҳафтуми Одам буд, дар бораи онҳо пешгӯйӣ намуда гуфтааст: «Бингар, Худованд бо ҳазор-ҳазор муқаддасони Худ меояд.