зеро Ӯ на ба монанди шариатдонон, балки чун шахси боқудрат онҳоро таълим медод.
TSK
TSK · Matthew 2:4
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
¶ Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бо дидани мӯъҷизаҳои аҷоиби Исо ва аз шунидани доди кӯдакон, ки дар Хонаи Худо «Шаъну шараф ба Насли Довуд!» мегуфтанд, ба ғазаб омаданд.
¶ Он гоҳ дар қасри Қаёфо ном сарвари рӯҳониён сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ҷамъ омаданд.
¶ Пагоҳии барвақт ҳамаи сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм нақшаи ба дасти марг супоридани Исоро кашиданд.
¶ Шариатдонону сардорони рӯҳонӣ фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо равона шуда буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд.
¶ Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ту устоди мардуми Исроил ҳастӣ ва магар ин чизҳоро намедонӣ?
Дар ин вақт шариатдонону фарисиён ба назди Ӯ занеро оварданд, ки ҳангоми алоқаи беникоҳ доштанаш дастгир шуда буд. Ӯро дар пеши ҳама гузошта,