Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз ки замину осмон ҳаст, то мақсади ин шариат пурра амалӣ нагардад, ягон рах ё нуқтае аз ҳарфи он нест намешавад.
TSK
TSK · Matthew 21:31
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
¶ На ҳама касоне, ки Маро доимо Худованди худ меноманд, ба подшоҳии Худо дохил мешаванд, балки фақат онҳое, ки хости Падари дар осмон будаамро иҷро мекунанд.
Зеро ҳар касе, ки хости Падари осмониамро иҷро мекунад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».
¶ Дар хотима Исо гуфт: «Пас, касоне, ки ҳоло дар сафи пеш истодаанд, дар сафи ақиб хоҳанд шуд ва касоне, ки ҳоло дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш хоҳанд шуд».
¶ Дар он шаҳр як зани пургуноҳе буд. Чун ӯ фаҳмид, ки Исо дар хонаи он фарисӣ хӯрок мехӯрад, кӯзачаи сангини гаронбаҳоро, ки равғани хушбӯй дошт, гирифта ба он ҷо омад.
¶ Ба шумо мегӯям, фариштагони Худо ҳам барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, айнан ҳамин тавр хурсандӣ мекунанд».
Подшоҳ ба вай гуфт: „Ту хизматгори бад будаӣ! Аз рӯи он чизе ки гуфтӣ, ба ту ҳукм мебарорам! Охир ту медонистӣ, ки ман одами сахтгир ҳастам, аз он ҷое, ки нагузоштаам, мегирам ва он чизеро, ки накоштаам, дарав мекунам.