он гоҳ ҳар як ҷони зинда наҷоти Худоро мебинад!“»
TSK
TSK · John 3:36
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Исо дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ба ту рост мегӯям, то касе аз нав таваллуд наёбад, ҳаргиз подшоҳии Худоро дида наметавонад».
¶ Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ сухани Маро мешунавад ва ба фиристандаи Ман имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мебошад. Ӯ ҳукм карда намешавад, балки аллакай аз марг ба ҳаёт гузаштааст.
Ба шумо рост мегӯям: касе ки гуфтаҳои Маро иҷро мекунад, ҳаргиз нахоҳад мурд».
Зеро Худо моро на барои ғазабаш, балки барои наҷот ба воситаи Худованди мо, Исои Масеҳ пешакӣ муайян кардааст.
Касе, ки ба Писари Худо бовар мекунад, дар дили худ ин шаҳодатро дорад. Аммо ҳар кӣ ба Худо бовар намекунад, Ӯро дурӯғгӯй месозад, чунки ба шаҳодате, ки Худо дар бораи Писараш додааст, бовар накард.