¶ Хушбахтанд касоне, ки ҳангоми иҷро кардани хости Худо азоб дода мешаванд, зеро Худо дар ҳаёташон подшоҳӣ мекунад!
TSK
TSK · Matthew 13:21
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Вале ҳар касе, ки ҳамаи гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро намекунад, монанди бинокори беақлест, ки хонаашро дар болои хок сохта буд.
¶ Касе ки падар ё модари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. Инчунин, касе ки писар ё духтари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест.
Вале бо баромади офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштан хушк мешавад.
¶ Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳар каси шумо, ки пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад ва он гоҳ Маро пайравӣ кунад.
Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.
Петрус ба Вай эълон карда гуфт: «Агар аз барои ҳодисае, ки бо Шумо рӯй медиҳад, ҳама пайрави кардани Шуморо бас кунад ҳам, ман ҳаргиз ин корро намекунам».
¶ Баъд Исо шогирдон ва мардумро ба наздаш ҷамъ карда гуфт: «Ҳар касе аз шумо, ки мехоҳад пайрави Ман бошад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад.
Донаҳое, ки ба замини санглох афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро шунида, онро бо шодӣ қабул мекунанд, вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе имондор буда, дар вақти озмоиш зуд аз имони худ мегарданд.
«Касе, ки пеши Ман меояду Маро бештар аз падару модараш, зану фарзандонаш, бародарону хоҳаронаш ва зиёдтар аз ҷони худ дӯст намедорад, шогирди Ман шуда наметавонад.
Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки шумо Маро на аз барои он ки мӯъҷизаҳоямро дидаед, ҷустуҷӯ мекунед, балки аз барои он ки то сер шудан нон хӯрдед!
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар Ман худам дувоздаҳ шогирдро интихоб накардаам? Вале як нафар аз байни шумо шайтон аст!»
Ман ток ҳастам ва шумо шохаҳо ҳастед. Танҳо онҳое, ки дар Ман ҳастанд ва Ман дар онҳо ҳастам, ҳосили фаровон ба бор меоваранд, чунки бе Ман шумо ҳеҷ коре карда наметавонед.