TSK

TSK · Matthew 21:41

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

Дар дасти Ӯ бел барои бод кардани гандум тайёр аст. Ӯ хирманашро тоза карда, гандуми худро ба анбор ҷамъ хоҳад кард, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».

¶ Бинобар ин, ба шумо мегӯям, ки имконияти аз они подшоҳии Худо будан аз шумо гирифта мешавад ва ба халқҳое дода мешавад, ки хости Худоро иҷро мекунанд.

Ман онҳоро барои он мефиристам, ки ҷавобгарии марги ҳамаи одамони бегуноҳ, аз Ҳобили беайб сар карда то Закарёи писари Баракё, ки байни муқаддастарин ҷои Хонаи Худо ва қурбонгоҳ кушта шуда буд, ба гардани шумо афтад.

Ва вақте ки шумо дар подшоҳии Худо Иброҳим, Исҳоқ, Ёқуб ва тамоми пайғамбаронро мебинеду худатон аз он ҷо ронда мешавед, аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунед.

Зани Лутро ба хотир оваред.

Чун он рӯзҳо, ҳамчун иҷрошавии гуфтаҳои навиштаҷот, рӯзҳои ҷазо мешаванд.

намегузоранд, ки мо хушхабарро ба мардум расонем, то ки наҷот ёбанд. Бо ин корашон ҳамеша косаи гуноҳҳояшонро лабрез намуда, ба ғазаби Худо гирифтор мешаванд.