Ӯ Писаре таваллуд хоҳад кард ва ту ба Ӯ бояд Исо ном гузорӣ, чунки Ӯ халқи худро аз дасти гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод».
TSK
TSK · 1 John 3:5
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Сардори лашкар ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Дар ҳақиқат ин одам бегуноҳ буд».
Худи ман Ӯро намешинохтам, вале барои ҳамин омада, бо об таъмид додам, ки Ӯ барои мардуми Исроил маълум гардад».
Ман дигар вақти дароз бо шумо гап намезанам, чунки ҳукмрони ин ҷаҳон омада истодааст. Вай бар Ман ҳеҷ қудрате надорад,
Ин ҳаёт намоён шуд. Мо Ӯро дидем ва ба шумо дар борааш шаҳодат медиҳем. Мо дар бораи ин ҳаёти абадӣ хабар медиҳем, ки Ӯ бо Падари Осмонӣ буд ва ба мо намоён шуд.
¶ 1–2 Эй фарзандони азизам, ин суханонро ман барои он ба шумо менависам, то ки гуноҳ содир накунед. Вале вақте касе гуноҳ кунад, мо Исои Масеҳи беайбро дорем, ки ҳоло дар пеши Падари Осмонӣ моро тарафдорӣ мекунад. Ӯ барои ором кардани ғазаби Худо ва бахшида шудани гуноҳҳои мо ва нафақат барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон ҷони худро фидо кардааст.