TSK

TSK · John 11:25

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки худи ҳамин рӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».

John 3:36 TSK

Ҳар кӣ ба Писар имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёт нахоҳад дид ва гирифтори ғазаби Худо мегардад».

John 5:26 TSK

Чунон ки Падар сарчашмаи ҳаёт аст, Писарро низ сарчашмаи ҳаёт кардааст.

John 6:39 TSK

Иродаи фиристандаи Ман ин аст, ки аз он касоне, ки Ӯ ба Ман ато кардааст, ҳеҷ якеро аз даст надиҳам, балки дар рӯзи қиёмат онҳоро зинда гардонам.

John 14:6 TSK

Исо ба ӯ гуфт: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман.

Мо бовар мекунем, ки Исои Масеҳ мурда зинда шуд ва инчунин бовар мекунем, ки Худо касонеро, ки ба Исои Масеҳ имон доштанду аз олам гузаштаанд, ба назди Ӯ ба осмон мебарад.

¶ Мо ба шумо дар бораи Каломи ҳаёт эълон мекунем, ки Ӯ аз ибтидо буд. Мо Ӯро шунидему бо чашмони худ дидем, инчунин ба Ӯ нигоҳ кардему ба Ӯ даст расондем.