TSK

TSK · John 13:34

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Пас, фармони Ман барои шумо ин аст, ки ҳамдигарро дӯст доред».

Бигзор Худованд бо он муҳаббати бузурге, ки нисбат ба шумо дорем, шуморо ҳам нисбат ба якдигар ва ҳамагон пур ва лабрез намояд.

James 2:8 TSK

Пас, агар шумо аз рӯйи шариати Шоҳи мо рафтор намоед, ки он дар навиштаҷот омадааст: «Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст бидорем», он гоҳ кори хуб мекунед.

¶ Азизонам, ман ба шумо фармони нав наменависам, балки фармони қадимаеро менависам, ки шумо аз аввал доштед. Фармони қадима ҳамон пайғомест, ки шумо шунидаед.

Азбаски бародарони худро дӯст медорем, мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштем. Ҳар кӣ бародари худро дӯст намедорад, ҳанӯз ҳам зери дасти марг аст.

¶ Азизон, биёед якдигарро дӯст дорем, чунки муҳаббат аз Худо аст. Ҳар кӣ муҳаббат нишон медиҳад, аз Худо таваллуди нав гирифтааст ва Худоро мешиносад.

Ҳоло ҳам, хонуми мӯҳтарам, ба шумо на фармони нав, балки ҳамонеро, ки аз аввал доштем, менависам ва хоҳиш мекунам, ки ҳамаамон якдигарро дӯст дорем.