TSK

TSK · John 14:26

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Ҳангоме ки ӯ чунин фикр дошт, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуфи насли Довуд! Аз гирифтани Марям ба занӣ натарс, чунки ин кӯдак дар шиками вай бо қудрати Рӯҳи Муқаддас пайдо шудааст.

Пас, равед ва ҳамаи халқҳои рӯи заминро ба Ман шогирд созед: онҳоро аз номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид диҳед

¶ Вақте шуморо дастгир карда ба ҷавобгарӣ мекашанд, ташвиш накашед, ки чӣ бояд бигӯед. Ҳар чӣ ҳамон лаҳза ба дилатон андохта мешавад, бигӯед, чунки он вақт на шумо, балки Рӯҳи Муқаддас ба воситаи шумо сухан меронад.

Luke 1:35 TSK

Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯҳи Муқаддас бар ту мефурояд ва қудрати Худои Таоло дар ту амал мекунад. Аз ин сабаб он кӯдаке, ки ту таваллуд мекунӣ, муқаддас ва Писари Худо номида хоҳад шуд.

Luke 1:67 TSK

¶ Падари кӯдак Закарё аз Рӯҳи Муқаддас пур шуду пешгӯӣ карда, чунин мегуфт:

Luke 3:22 TSK

Рӯҳи Муқаддас дар шакли кабӯтаре фаромада, дар болои Ӯ қарор гирифт ва садое аз осмон баромад, ки мегуфт: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам!»

Ман ба шумо чизи Падарам ваъдакардаро мефиристам. Инак, шумо то вақти аз осмон қувват гирифтанатон дар Ерусалим бимонед».

John 6:45 TSK

Дар китоби пайғамбарон навишта шудааст: „Ҳамаи онҳо аз Худо таълим хоҳанд гирифт“. Ҳар касе ки Падарро шунида ва аз Ӯ таълим гирифта бошад, ба назди Ман меояд.

¶ Шогирдони Ӯ инро он вақт нафаҳмиданд, вале ҳангоме ки Исо ба тамоми шӯҳрату ҷалоли Худо соҳиб шуд, онҳо ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот ҳамаи ин дар борааш навишта шуда буд ва бо Ӯ ҳамин тавр ҳам рӯй дод.

¶ Вале, вақте Мададгоре, ки Ман аз ҷониби Падар Ӯро назди шумо мефиристам, меояд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар мебарояд, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад.

Вақте ки Рӯҳи ростӣ меояд, Ӯ шуморо сӯи тамоми ростӣ роҳнамоӣ мекунад, зеро Ӯ аз худ чизе намегӯяд, балки он чиро, ки мешунавад, ба шумо мегӯяд. Ӯ ба шумо дар бораи ҳодисаҳои оянда хабар медиҳад.

Инак, касе ки аз фармудаҳои Худо саркашӣ мекунад, на одамро, балки Худоеро, ки ба шумо Рӯҳи Муқаддасро медиҳад, рад мекунад.

Шумо бошед, Рӯҳеро доред, ки Ӯ ба шумо додааст ва ин Рӯҳ дар шумо сокин мебошад, бинобар ин эҳтиёҷ надоред, ки каси дигар шуморо ёд диҳад. Худи ҳамин Рӯҳ дар бораи ҳама чиз ёд медиҳад ва таълимоти Ӯ дурӯғ нест, балки рост аст. Пас, ҳамон тавре ки Ӯ шуморо таълим додааст бо Масеҳ монед.

Jude 1:20 TSK

Аммо шумо, дӯстони азиз, бо Рӯҳи Пок пайваста дуо карда, худро бар имони поктаринатон бунёд кунед.