Вақте ки баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон бурда шуд
TSK
TSK · John 14:28
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Падари Ман, ки онҳоро ба Ман бахшидааст, аз ҳама бузургтар аст ва ҳеҷ кас онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирифта наметавонад.
Ба шумо рост мегӯям, ки хизматгор аз хоҷаи худ ва фиристодашуда аз шахсе, ки ӯро фиристодааст, бузургтар нест.
Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ ба Ман имон оварад, корҳоеро, ки Ман мекунам, вай ҳам мекунад ва ҳатто корҳои бузургтар аз он мекунад, чунки Ман ба назди Падарам меравам.
Аммо Ман ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои фоидаи шумост. Зеро, агар Ман наравам, Мададгор пеши шумо намеояд ва агар биравам, Ӯро ба назди шумо мефиристам.
Исо ба ӯ гуфт: «Ба Ман даст нарасон, ки ҳанӯз ба пеши Падар боло нарафтаам. Лекин назди бародаронам рафта гӯй, ки Ман назди Падари Ману шумо, ба назди Худои Ману шумо меравам».