¶ Баъд Исо ба шогирдон гуфт: «Имшаб аз барои ҳодисае, ки бо Ман рӯй медиҳад, ҳамаи шумо пайравӣ кардани Маро бас мекунед, чунки дар навиштаҷот пешгӯйии Худо омадааст: „Чӯпонро мекушам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд“.
TSK
TSK · John 16:32
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Пас Исо ба шогирдон гуфт: «Ҳамаи шумо пайравӣ кардани Маро бас мекунед, чунки дар навиштаҷот пешгӯйии Худо омадааст: „Чӯпонро мекушам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд“.
Исо ба ӯ дар ҷавоб гуфт: «Эй зан, ба Ман бовар кун, ки вақту соате фаро мерасад, ки ба Падари осмонӣ на дар сари ин кӯҳ ва на дар Ерусалим саҷда хоҳед кард.
Ба шумо рост мегӯям, вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки мурдагон садои Писари Худоро мешунаванд ва ҳар касе, ки Ӯро бишнавад, зинда мешавад.
Агар Ман ҳукм кунам ҳам, ҳукми Ман ҳақ аст, чунки Ман танҳо нестам: Падаре, ки Маро фиристодааст, бо Ман аст.
Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шӯҳрату ҷалоли Фарзанди Инсон ошкор гардад!
Шуморо аз ибодатхонаҳо ҷудо мекунанд. Ҳатто чунон замоне фаро мерасад, ки кушандагони шумо фикр мекунанд, ки бо ин корашон ба Худо хизмат мекунанд.
Шогирдон ба хонаашон баргаштанд.