TSK

TSK · John 17:25

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Шимъӯни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худои зинда ҳастӣ».

John 1:18 TSK

Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.

John 5:19 TSK

¶ Аммо Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, Писар бо ихтиёри худ ҳеҷ кореро карда наметавонад, фақат он чӣ мебинад, ки Падар мекунад, Писар низ мекунад. Ҳар чӣ Падар мекунад, ҳамонро Писар ҳам мекунад.

John 7:29 TSK

Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман аз пеши Ӯ омадаам ва Ӯ Маро фиристодааст».

John 8:55 TSK

Шумо ҳеҷ вақт Ӯро намешинохтед, вале Ман Ӯро мешиносам. Агар Ман мегуфтам, ки Ӯро намешиносам, монанди шумо дурӯғгӯй мешудам. Вале Ман Ӯро мешиносам ва гуфтаҳои Ӯро ба ҷо меорам.

Аммо мардум ҳамаи инро бо шумо аз барои Ман мекунанд, чунки фиристандаи Маро намешиносанд.

зеро худи Падар шуморо дӯст медорад, аз сабаби он ки шумо Маро дӯст доштед ва имон овардед, ки Ман аз ҷониби Ӯ омадаам.

John 17:3 TSK

Ва ҳаёти абадӣ ин аст, ки Туро, Худои ягонаи ҳақиқӣ ва Исои Масеҳро, ки Ту фиристодаӣ, шиносанд.

Ман дигар дар ин ҷаҳон нестам, балки пеши Ту меравам, вале онҳо дар ин ҷаҳон мемонанд. Эй Падари Муқаддас, бо қудрати номи худ, ки Ту ба Ман додаӣ, онҳоро муҳофизат бикун, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту бо ҳам як ҳастем.

Бигзор ҳамаи онҳо як шаванд. Бигзор, чӣ тавре ки ту, Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту ҳастам, онҳо низ дар мо бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Маро Ту фиристодаӣ.

Мо низ медонем, ки мо фарзандони Худо ҳастем ва тамоми ҷаҳон зери дасти Шахси Бад мебошад.