Онҳо омада гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва хушомадгӯи мардум нестед, чунки ба мавқею дараҷаи онҳо эътибор намедиҳед, балки роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. Ҳоло бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?
TSK
TSK · John 3:2
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Онҳо ба назди Яҳё омада, ба ӯ гуфтанд: «Устод, он касе, ки дар соҳили шарқии Урдун бо шумо буд ва шумо дар борааш шаҳодат дода будед, Ӯ ҳам таъмид дода истодааст ва ҳама пеши Ӯ мераванд!»
Бо вуҷуди он, аз байни мардум бисёриҳо ба Ӯ имон оварда мегуфтанд: «Вақте ки Таъиншудаи Худо меояд, магар аз ин одам бештар мӯъҷиза нишон дода метавонад?»
Баъзе аз фарисиён гуфтанд, ки одами ин корро карда аз ҷониби Худо нест, чунки қоидаҳои рӯзи истироҳатро риоя намекунад. Лекин дигарон мегуфтанд: «Магар шахси гунаҳкор метавонад чунин мӯъҷизаҳоро нишон диҳад?» Ҳамин тавр дар миёни онҳо низоъ ба вуҷуд омад.
¶ Он гоҳ сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён маҷлиси шӯроро ҷамъ карда, гуфтанд: «Чӣ кор мекунем? Ин одам мӯъҷизаҳои зиёде нишон медиҳад.
¶ Ба ҳар ҳол, бисёри одамон, ҳатто аз байни мансабдорон низ ба Исо эътиқод карданд, вале аз тарси фарисиён ошкоро ба ин иқрор намешуданд, ки мабодо онҳоро аз ибодатхонаҳо ҷудо накунанд.
¶ Баъд аз он Юсуфи аромотӣ, ки аз тарси роҳбарони яҳудӣ шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус иҷозат хост, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус иҷозат дод ва ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт.