TSK

TSK · John 4:34

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

¶ Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва худро рӯи замин партофта дуо кард: «Падарҷонам, агар илоҷе бошад, бигзор ин косаи азоб аз сари Ман дур шавад! Лекин бигзор на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад».

¶ Ба шумо мегӯям, фариштагони Худо ҳам барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, айнан ҳамин тавр хурсандӣ мекунанд».

John 4:32 TSK

Исо ҷавоб дода гуфт: «Ман хӯроке дорам, ки шумо аз он бехабаред».

John 5:36 TSK

¶ Вале Ман шаҳодати бузургтар аз он, ки Яҳё дода буд, дорам. Он корҳое, ки барои иҷро кардан Падар ба Ман супоридааст ва худи он корҳое, ки Ман ба ҷо меоварам, шоҳиди онанд, ки Маро Падар фиристодааст!

John 6:38 TSK

Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани иродаи худ, балки барои иҷро кардани иродаи фиристандаам фаромадаам.

Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Баъд сар хам карда ҷон дод.