Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор мурдагон мурдаҳои худро ба хок супоранд, вале ту рафта, дар бораи подшоҳии Худо эълон бикун».
TSK
TSK · John 5:25
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Бояд шодиву хурсандӣ кунем, чунки бародарат мурда буду зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд“».
Вале вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки саҷдакунандагони ҳақиқӣ ба Падар дар рӯҳ ва ростӣ саҷда мекунанд, зеро Падар барои худ чунин саҷдакунандагонро меҷӯяд!
28–29 Аз ин дар ҳайрат намонед, чунки вақту соате фаро мерасад, ки ҳамаи мурдагон садои Ӯро шунида аз қабрҳояшон мебароянд. Онҳо, ки некӣ карда буданд, барои ҳаёт ва онҳое, ки бадӣ карда буданд, барои маҳкум шудан бармехезанд.
Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад. Шумо барои он гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед».
¶ Баъд аз ин суханон Исо ба сӯи осмон нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, вақт фаро расид. Писари худро шӯҳрату ҷалол деҳ, то ки Писар Туро шӯҳрату ҷалол бидиҳад,